Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

1722-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мусиров Мамаюсуф Сайханович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, дар ҳудуди деҳаи Чашмасор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Саидов Фаридун Файзалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Хуросон, бархурдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Фаридун Файзалиевич ва мусофираш Миҷгонаи Зафарҷон, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас, ба ҳалокат расидаанд.
23-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Версо», Якубов Ҳокимҷон Маҳбудович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд”, дар минтақаи ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ронандаи "Скутер", Тошматов Рустам Мадмуродович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Спитаменро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Тошматов Р.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Сафобахш, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Навруз Маҳмадюнусович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи, Зокиров Алишер Давлаталиевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Норак, ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳакимова Адолат Асадуллоевна, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Данғара ва мусофири дохили автомашинаи дигари “Опел- Астра”, Гулов Беҳруз Саидмуродович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Норак, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика