Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

23Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки соли 2022, марди 51-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 62 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди заминҳои деҳаи Амиршайхии шаҳри Ваҳдат 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағашро барнагардонидааст.

Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26 ва 50-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи феврали соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати 20 шабонарӯз 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» оварда медиҳанд, аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накардаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика