Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2016, зани 49-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар 4 марҳила 30 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро банагардонидааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шуд.
Номбурда, 25-уми майи соли 2023, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан аз ӯ 74 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсии худаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>