Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли 2023, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи мавзеи “Чикал”-и ҷамоати деҳоти Д.Алиев, 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 31 ва 33-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, гумонбаршавандагон шаби 22 ба 23-юми августи соли 2023, тахминан соати 02:30-дақиқа, бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи мавзеи “Чикал”-и ҷамоати деҳоти Д.Алиев, 1 сар чорвои калони шохдори пирамарди 70-солаи сокини ноҳияи Файзободро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>