Санаи 20-уми сентябр тақрибан соати 1:45 дақиқа ба нуқтаи Маркази алоқаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар расид, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ки воқеъ дар кӯчаи Шарқ 33 мебошад, сӯхтор сар задааст. Ҳангоми гирифтани хабар аз ҷониби кормандон 11 адад нақлиёти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани кормандон муайян гардид, ки сӯхтор дар бинои таълимии 5 дар масоҳати 400 метри мураббаъ сар задааст. Пас аз хомӯш намудани сӯхтор ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса аз рӯи характери паҳншавии сӯхтор муайян шуд, ки ин ҳодисаи нохуш қасдан содир шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ошкор гардид, ки ин кирдори ношоиста аз ҷониби шаҳрванд Ҳайдаров Абдусаттор Ғафурович, сокини ш. Хуҷанд ки соли таваллудаш 1967 мебошад, сар задааст. Айни ҳол дар ин хусус тафтишот идома дорад...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>