Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми майи соли 2023, дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Душанбе, марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла»-ро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Камри-4» гирифта медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла»-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астраҷи”-ро бо арзиши 70 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати 10 шабонарӯз маблағашро ба пуррагӣ пардохт мекунад, аммо гумонбаршаванда, 8 ҳазор сомонӣ ва як миқдор масолеҳи сохтмонӣ дода, боқимонда 38 ҳазор сомониашро гирифта ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>