Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Болидарӯҳии кормандзанони милитсия аз истироҳату фароғат дар осоишгоҳи «Садбарг»

346Боиси хушнудист, ки имрӯз тавассути сиёсати оқилонаю дурандешонаи Роҳбарияти Олии кишвар оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин намудани занони фаъолу лаёқатманд дар ВКД, сафи занони соҳибмаълумот афзуда истодааст. Новобаста аз кори вазнин ва душвор бонувони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириии ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас доранд.344

Бо ин мақсад роҳбарияти ВКД нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Рӯзҳои истироҳатии 16-17-уми сентябри соли 2023, наздик ба 200 нафар кормандзаноне, ки дар паради низомӣ бахшида ба ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд, дар осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД ба истироҳату фароғат ва табобат фаро гирифта шуданд.
346Осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар лаби дарёи Ромити шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, инфрасохтори бойи истироҳатию табобатиро дорост. Барои истироҳату табобат ба ин ҷо, на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва аз кишварҳои дуру наздик низ пайваста меоянд. Таваҷҷӯҳи онҳоро табиати зебо, иқлими мусоид ва имкониятҳои табобатию солимгардонии васеъ ҷалб месозад. Осоишгоҳи мазкур дар як вақт беш аз 180 нафарро қабул карда метавонад. Ҳамчунин, дар ин ҷо ҳамасола семинару дарсҳои омӯзишӣ ва дигар намуд ҷамъомадҳои корию ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.
Бонувони мақомоти корҳои дохилӣ тайи ин ду рӯз ба истироҳату табобат машғул гашта, баҳри фароғати онҳо барномаҳои маърифатӣ ва консертӣ гузаронида шуданд.
Суруду мусиқиҳои дилнишини ҳунармандон ба истироҳаткунандагон хеле писанд омад.
Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои кормандони милитсия, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо дар осоишгоҳҳову табобатгоҳҳои ВКД пайваста роҳандозӣ гардида, шароиту хизматрасониҳои осоишгоҳи «Садбарг» сол аз сол беҳтару хубтар гардида истодаст.
Дар навбати худ, истироҳаткунандагон барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхориҳо миннатдории самимонаи хешро ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ баён доштанд.
Абдулмуъмини Зайниддин
Ҷамшед Мавлонзода




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика