Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00, дар назди боғи фароғатии “Модар ва кӯдак”, воқеъ дар кӯчаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб як нафар шахси ба ӯ ношинос бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-03”, ки арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Гумонбаршаванда, бо ҳамин роҳ, 13-уми сентябри 2023, дар назди боғи фароғатии “Модар ва кӯдак”, воқеъ дар кӯчаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб аз дасти ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-13”, ки арзишаш 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>