Рӯзҳои 13-15-уми сентябри соли 2023, аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳавзи шиноварии навбунёду замонавии Қасри намудҳои варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута доир карда мешавад, варзишгарони шиновар аз 4 дастаҳои Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон бо теъдоди беш аз 70 нафар иштирок намудаанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баромад намуда, зикр кард, ки варзиш дар баробари таъмини солимии рӯҳию ҷисмонӣ, инчунин пайвандгари дӯстиву рафоқат ва эътимоду боварӣ дар миёни одамон ва қавму миллатҳо ба ҳисоб рафта, ҳар як варзишгар метавонад бо дастовардҳои худ, миллат ва давлати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Беҳуда намегӯянд, ки варзиш қосиди сулҳу амонӣ ва дӯстӣ аст. Зеро варзиш новобаста аз мазҳабу миллат, дину ойин ва забон инсонҳоро ба ҳам муттаҳид сохта, алоқа ва робитаҳои байни давлатҳоро мустаҳкам менамояд.Сипас, мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев баромад намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии кишвар мебошад, ҳозиринро ба мусобиқаи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно кард.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ Вазири Вазорати варзиши Ҷумҳурии Туркманистон Сапаров Аллаберди Оразмамедович иштирок намуд.
Варзишгарон тайи се рӯз қувваозмоӣ намуда, ҷойи якум насиби тими мунтахаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷойи дуюм насиби тими мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷойи сеюмро тими мунтахаби Ҷумҳурии Туркманистон соҳиб гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо Ҷом, медал Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи миллии шиноварӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди қайд аст, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо ва дӯстиву рафоқат мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>