13-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хафей”, Раҳимов Эргаш Бурибоевич, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Бақоии ҷамаоти деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Раҳимов Э.Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири автомашинаи мазкур Урунова Насиба Панҷаевна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>