12-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», Муртазаев Акмалхон Рустамович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ҳамадонӣ аз самти кӯчаи Чоряккорон ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯӣ бинои истиқоматии кӯчаи Испечак, пиёдагарди ноболиғ, Иброҳимзода Сомон, соли таваллудаш 2016, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Иброҳимзода Сомон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-Крузер”, Саидмамадов Эраҷ Алифбекович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Кулоб-Душанбе”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур ва мусофирони автомашина Алидодов Манзаршо Долоншоевич, соли таваллудаш 1977, ноболиғ Алидодова Гулнора Манзаршоевна, соли таваллудаш 2006, сокинони шаҳри Душанбе, Тилобоев Шукрулло Намозбоевич, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, Ҳасаншоева Амригул Карамхудоевна, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>