Рӯзҳои 11-15-уми сентябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ (NESA), дар шаҳри Вашингтони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико семинар барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи «Дидгоҳҳои нави амниятӣ дар асри технологияҳои рақамӣ» баргузор мегардад.
Дар семинари мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума иштирок намуда истодааст.
Дар рафти семинар оқибатҳои технологияҳои нави рақамӣ, манфиат ва зарари онҳо, инчунин истифодаи технологияҳои нави рақамӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷониби олимону мушовирон ва мутахассисони касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рафти мубоҳисаю муҳокима аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мегарданд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>