10-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Қудбиддин Қулович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Данғара, дар гардиши хатарноки мавзеи Тикатоши ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 28-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Саидов Қ.Қ. ва мусофири хурдсолаш Абдураҳмонова Муҳарамма Хайёмовна, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Назарзода Фаридаи Азизулло, соли таваллудаш 1990, Назарова Тоҷиниссо Файзуллоевна, соли таваллудаш 1985 ва Қосимова Солеҳа Иброҳимовна, соли таваллудаш 1960, сокинони ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
10-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Табаров Исмоил Эмомалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи пули мошингард аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдгард Шарофзода Некрӯз Талаб, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ш.Шоҳинро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарофзода Н.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардида, сипас, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>