Бо шукргузорӣ аз оромиву осоиштагии кишвари азизамон қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо дар сарораси мамлакат ҷашну маросимҳои идона, ҳамрадиф бо шукуфоиву пешрафт ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ, шукӯҳу шаҳомат ва ифтихору саодати мардум аз неъмати бебаҳои Истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ ба назар мерасанд.
Ҳама ин иду хурсандӣ ва фараҳу шодкомие, ки имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар фарди ҷомеаи мо ҳувайдо аст аз файзи истиқлол аст, ки бо хираду фарҳанги воло ва идроки сулҳофарии мардуми шарафманди тоҷик ба даст омадааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар низ бо мақсади ҳимояи ин дастоварди бузург ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба Савганди хизматии хеш содиқ монда, софдилонаву содиқона вазифаву қарзи муқаддаси шаҳрвандиро иҷро намуда истодаанд ва дар ҷузъу томҳои он бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои ҷашнӣ багузор шуда истодаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 8-уми сентябри соли 2023 дар ШВКД дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ин санаи фархунда чорабинии идона доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳия полковники милитсия Шарифзода Хушвахт иштирок намуда, аз дастовардҳои замони истиқлол ёдовар гардида, ҳайати шахсии ин ниҳодро ба хизмати содиқона ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят намуд.
Ҳамчунин, дар рафти ин чорабинӣ як қатор кормандони Шуъбаи мазкур бо нишону медалҳои сарисинагӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Зайниддинзода Абдулмуъмин,
Ҷамшед Мавлонзода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>