Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди намояндагони ВКД аз шуъбаи Москваи Департаменти муҳофизаи шаҳри Брест

324

7-уми сентябри соли 2023, ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, дар маросими гулгузорӣ ба оташи абадии маҷмааи ёдгории "Қалъаи қаҳрамон - Брест" дар Ҷумҳурии Беларус ширкат варзиданд.325

Мавриди қайд аст, ки маросими мазкур дар доираи Анҷумани XX-уми кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ - озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти (Департаментҳои) «Муҳофиза»-и Вазоратҳои корҳои дохилии Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз рӯзҳои 4 то 8-уми сентябр дар Ҷумҳурии Беларус доир гардида истодааст, роҳандозӣ гардид.
326Сипас, ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили фаъолияти хизматии шуъбаи Москваи Департаменти муҳофизаи шаҳри Брест, воситаҳои нақлиёт ва тарзу усули корбарии техникаю таҷҳизоти ҳозиразамон, ки дар самти хадамоти муҳофиза мавриди истифода қарор доранд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.327
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни Анҷуман ҳамчунин аз Осорхонаи миллии таърихӣ ва фарҳангии «Несвиж»-и шаҳри Несвижи Ҷумҳурии Беларус ва дигар ҷойҳои ҷолиби таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки Анҷумани мазкур ҷиҳати васеъ гардидани имкониятҳо, мубодилаи таҷриба ва робитаҳои зичи касбӣ бо ҳамкорони дигар давлатҳо дар самти хадамоти муҳофиза мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.

328




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика