Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар РВКД вилояти Хатлон

312

Бигзор, нури хуршеди истиқлолият то абад равшангари ҳаёти ҷомеаи мо гардад!
Эмомалӣ Раҳмон


Истиқлол дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.309
6-уми сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ, шоирон, собиқадорон ва ҷавонони фаъол доир гардид.
310Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сардори Раёсати мазкур, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи муқаддаси миллӣ муборакбод намуд.311
Қайд карда шуд, ки Истиқлол ин ифтихор аз соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди бофарҳанги тоҷик мебошад, ки 32-сол боз тақдирашро ба дасти худ гирифта, ба ҷомеаи муттамадини ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайваста аст. Инчунин оид ба дастовардҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот манзур намуда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, баҳри наҷот додани миллати тоҷик аз вартаи нестшавӣ кушишу заҳматҳо ба харҷ дода, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта табдил дод.
Ҳамзамон дар чорабинӣ шоир Амиршои Хатлонӣ дар васфи ватану ватандорӣ ва истиқлолу ваҳдати сартосарӣ шеърҳои пурмазмун қироат намуда, қайд кард, ки Истиқлол неъмати бебаҳо ва нодире ҳаст, ки бо заҳмату талош ва кӯшишу ҷоннисориҳои мардуми саодатманд ва сарбаланди кишварии азизамон бо Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Муҳимтар аз ҳама боиси ифтихору сарфарозист, ки сокинони кишвар имрӯз дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, дар пешрафту шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас филми «Дастовардҳо» аз корнамоиҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ободкориву созандагӣ дар давоми 32-соли Истиқлоли давлатӣ ба иштирокдорони чорабинӣ намоиш дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ, барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, босифат иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, Раҳматнома ва Ифтихорномаҳо дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика