Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлол - Парчами нанг

305

7-уми сентябри соли равон 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатиро роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки собиқадорони соҳа дар фазои тантанавӣ таҷлил намуданд. Ҷамъомади ҷашнӣ бо сароидани Суруди миллӣ, ки нишон аз ваҳдату ягонагӣ, соҳибистиқлолӣ, ҳувият ва ифтихори давлатдорӣ аст, оғоз гардид.304

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо маърӯзаи пурмуҳтавои табрикотӣ баромад намуда, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомотро ба ҷашни умумимиллӣ табрик намуд.
306Гуфта шуд, ки Истиқлол барои ҳар давлату миллат неъматест беназир. Он омили асосии бедории миллат, пешрафту тараққии мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон аст.307
Санаи 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолиятро ба даст овард ва дар харитаи ҷаҳонӣ давлате бо номи Тоҷикситони соҳибистиқлол зуҳур кард. Аз ин санаи таърихӣ ба ин сӯ ҳамасола шаҳрвандони гуногунмиллати Тоҷикистон ин санаро гиромӣ дошта бо фараҳу шодӣ дар сатҳи давлатӣ, корхонаву идораҳо, маҳалла ва хонаводагӣ таҷлил менамоянд. Зеро аз баракати Истиқлоли давлатӣ ҷаҳониён Тоҷикистонро шинохтанд ва давлати мо ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашт ва дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ муаррифӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд».
308Сардори Раёсат дар маърӯзаи худ кормандони милитсияро барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон, амнияту тартиботи сартосарӣ, ки кафили пешрафти ҷомеа ва Истиқлоли давлатӣ аст, ҳидоят намуда ватандӯст буданро талқин намуд.
Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ соҳиби медалу орден, Сипосномаву Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар ҳамаи Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор карда шуд. Зеро Истиқлоли давлатӣ таҷассумгарӣ ободии Ватан, ваҳдату якдилӣ, саодати рӯзгор ва иқболу фараҳмандӣ дар сарзамини мост.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика