Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табодули таҷриба дар самти хадамоти муҳофиза

297

5-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус Анҷумани XX-уми кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ - озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти (Департаментҳои) «Муҳофиза»-и Вазоратҳои корҳои дохилии Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо шукуҳу шаҳомати хоса оғоз гардид.298

300Дар расми ифтитоҳи Анҷумани мазкур ҳайати намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума иштирок намуда, бо фаъолияти хизматӣ, тарзу усул, воситаҳои нақлиёт ва техникаю таҷҳизоти ҳозиразамон, ки дар самти хадамоти муҳофиза мавриди истифода қарор доранд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.303
Мавриди қайд аст, ки ҳайати шахсии Департаменти «Муҳофиза»-и Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус 38 ҳазор нафарро ташкил дода, аз инҳо 15 ҳазор афсарону ҳайати қаторӣ ва боқимонда шаҳрвандонеро дар бар мегирад, ки ҳамчун муҳандис, барномасоз ва дигар корҳои техникиро анҷом медиҳанд.
301Ҳамчунин, рӯзи 6-уми сентябри соли равон иштирокчиёни Анҷумани мазкур аз шуъбачаи Каменетскои Департаменти муҳофизаи вилояти Брест боздид ба амал оварда, табодули таҷриба намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.

302




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика