3-юми сентябри соли 2023 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане духтарчаи хурдсолро лату кӯб мекунад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Нурова Хоҳарвӣ Маҳмахолиқовна, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки духтари ноболиғаш Нурудинзодаи Закиябону, соли таваллудаш 2022-ро лату кӯб намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>