Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ вобаста ба таҷҳизоти техникӣ ва маблағ

190Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми январи соли 2023, дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе марди 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз мағозаи фурӯши таҷҳизоти техникиааш камераҳои мушоҳидавӣ ва мониторҳои компютериро ба маблағи 178 ҳазору 400 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 42-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст, ки ӯ соли 2018, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ барои кофтани чоҳи амудӣ маблағи 250 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика