Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон дар натиҷаи садамаҳои наклиётии марговар

214-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун», Қараев Орзу Сафармаҳмадович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Саригузари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҷабборзода Нозанин Манучеҳр, соли таваллудаш 2022, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҷабборзода Н.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

3-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳусайнов Шоҳрух Ҳотамҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми харакат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Истаравшан» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Отаҷонов Юсуфҷон Мамадҷонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Отаҷонов Ю.М. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика