Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки намояндагони ВКД Тоҷикистон дар Анҷумани XX-уми кушоди ҷумҳуриявӣ дар Беларус

278

Аз 4-ум то 8-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Анҷумани XX-уми кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ - озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти (Департаментҳои) «Муҳофиза»-и Вазоратҳои корҳои дохилии Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад.

281

280

Дар Анҷумани мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума иштирок менамоянд.

Мавриди қайд аст, ки анҷумани мазкур ҷиҳати васеъ гардидани имкониятҳо, мубодилаи таҷриба ва робитаҳои зичи касбӣ бо ҳамкорони дигар давлатҳо дар самти хадамоти муҳофиза мусоидат менамояд.

282

283Аз рафти анҷумани мазкур иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.

286 2




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика