Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеъи занону бонувон дар ҷомеъа ва иштироки онҳо дар низоми давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсусус зоҳир намуда, пайваста аз ҳисоби ҷинси латиф ба вазифаҳои пурмасъул таъин карда мешаванд. Чунин сиёсати некбинона, ки характери баробарии гендери дорад дар тамоми сохторҳои давлатӣ, минҷумла мақомоти корҳои дохилӣ ба мушоҳида мерасад. Барномаву стратегияҳои давлатии таъминкунандаи шароити кору таҳсил ва истифодаи самараноки нерӯи занону бонувон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ имкон медиҳад, ки мақому манзалати занон баланд бардошта шавад. Дар ин самт дар сохтори ВКД бо ҳидоятҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва иқдоми кормандзанони ташаббускори милитсия Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД таъсис дода шудааст. Фаъолияти он ба ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии занон, истифодаи босамари нерӯи онҳо, роҳбаладӣ дар иҷрои вазифа ва ҳимояи манфиатҳои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ нигаронида шуда, айни ҳол роҳбариашро полковники милитсия Азиза Давлатшозода ба зима дорад.
Ассотсиатсияи мазкур имконият медиҳад, ки кормандзанони МКД дар сарҷамъиву якдилӣ муаммоҳо вобаста ба ҳаёту фаъолият, аз ҷумла хизматиро баррасӣ намуда, дар мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ баробар бо мардон фаъолияти босамар баранд.
Ҳафтаи равон баҳри амали гардонидани «Нақша-чорабиниҳои Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД барои солҳои 2023-2025» дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки раиси Ассотсиатсия Азиза Давлатшозода ҷаласаи машваратӣ таҳти унвони «Нақши зан дар пешрафти кори милитсия» баргузор гашт. Дар ҷаласа, ки бо иштироки 70 нафар кормандзанони милитсияи Суғд ҷараён гирифт масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид. Дар ҷараёни чорабинии методӣ оиди иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ – идоракунӣ, дастгирию ғамхори нисбати ҷинси латиф, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ барои занон сухан рафт.
Роҳбари Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД вобаста ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, дастгирию имтиёзҳои ба ҳаёту фаъолияти занон нигаронида шуда маълумот дода, таъкид намуд, ки ҷавобан ба чунин ғамхорӣ баҳри хизмат ба нафъи Ватан занони мақомот бояд фаъол бошанд. Дар тарбияи ҷомеа ҳиссагузори намудан хислати азалии зан модар аст, ки мо онро дар амал бояд нишон диҳем илова намуд А. Давлатшозода.
Таҳкими корҳои фардӣ-тарбиявӣ ва роҳнамоӣ ба зердастон, алалхусус кормандони ҷавон, таъмини низоми махфият ва сирри давлатӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, реҷаи корӣ, пӯшидани либоси низомӣ, одоби касбӣ ва хушмуомилагӣ, саҳмгузорӣ дар пешгирии падидаи номатлубе чун бегонапарастии бонувон, кор дар самти муноқиша ва хушунати оилавӣ аз мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ буд, ки баромадкунандагон ва ҳам иштирокчиёни ҷаласа андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки таъин гардидани занон ба вазифаҳои афсарӣ ва роҳбарикунанда дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ нишонаи бовари ба истеъдоди коргузории зан-модар аст.
Аъзоёни Шӯрои занони милитсияи вилояти Суғд низ фикру андешаи худро оиди тақвият додани таҷриба ва иҷрои вазифаи ба уҳдаи онҳо вогузор гардида изҳор доштанд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар сафи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд шумораи зиёди бонувони матиниродаву бомаърифат ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгири аз ҷинояткориву кирдорҳои зидиҳуқуқӣ дар паҳлуи мардон истода сарбаландона дар самтҳои оперативию тафтишотӣ, криминалистӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар хизматҳо вазифаи пуршарафи худро иҷро менамоянд.
Акбар Шарифӣ, Мушаррафа Ҳамидова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>