Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 28-сола бо ҷурми қаллобӣ

04Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 21-уми сентябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бо баҳонаи тиҷорат аз фоидаи маблағҳои ба даст овардаашон онҳоро баробар тақсим мекунад, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, гумонбаршаванда 31-уми сентябри соли 2021 дар кӯчаи Сомониён бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бо баҳонаи тиҷорат аз фоидаи маблағҳои ба даст овардаашон баробар тақсим мекунад, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика