Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нақлиётии марговар

5625-уми августи соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров Хисрав Бердимуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, ҳангоми расидан дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс 313”, таҳти идораи Саъдии Мурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Кӯлоб бармехурад.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров Х.Б. ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Холмуродзода Бахтовар Зиёвуддин, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашина Хоҷаев Файзали, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, Шарифов Мустафо Сафархонович, соли таваллудаш 1998 ва худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс 313” Саъдии М. ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
26-уми августи соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Ашка», Расулов Абдуаҳад Бозорбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди ноҳияи Деваштиҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба канори чапи роҳ баромада чаппа шудааст.
Дар натиҷа, аз сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
26-уми августи соли 2023, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Аслонов Фатҳулло Шодибекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш", воқеъ дар деҳаи Дуағбаи ноҳияи Лахш, аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Сурхоб чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Аслонов Ф.Ш., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида мусофири дохили автомашинаи мазкур, ноболиғ Маҳмадшоев Мустафо Фозилович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи мазкур, ба дарёи "Сурхоб" ғарқ гардида пас аз ду соат ҷасади номбурда аз дохили дарё дар масофаи 5 километр поёнтар дарёфт карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика