Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати писарбачаи ноболиғ дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

121222-юми августи соли 2023, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Очилдиев Фирӯз Дилшодович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Қубодиён ба самти ҷамоати деҳоти М.Ниёзов, аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, пиёдагардон Қурбонова Нодира Мамадиевна, соли таваллудаш 1985, ноболиғ Қурбонов Абдураҳим Қосимович, соли таваллудаш 2010 ва хурдсол Қурбонов Ҳасан Қосимович, соли таваллудаш 2021, сокинони ҳамин ноҳияро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекарданд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Қурбонов А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Қурбонова Н. ва Қурбонов Ҳ. ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика