Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ноболиғ бар асари садамаҳои нақлиётӣ

1321-уми августи соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», Атаев Азимхон Ҳамидхонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Душанбе-Чанок», дар ҳудуди шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Сувонов Хушбахт Акбаралиевич, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Сувонов Х.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми августи соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Азимов Самандар Каримович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар ҳудуди ҷамаоти деҳоти Себистон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ Каримзода Руқия Самандар, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари ҳамин автомашина Камолова Зебо Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика