22-юми июли соли 2023, аризаи шаҳрванд Қосимов Донияр Замирович, соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мурғоб, ҷамоати деҳоти Мурғоб, кӯчаи Бердибеков, хонаи 2, ронандаи ширкати сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон «Визит Алай», оиладор, соҳиби 5 фарзанд, пеш суд нашудааст, оид ба ғайб задани мусофираш шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Женг Хуанг (ZHEG XUAG), соли таваллудаш 11 октябри соли 1981, истиқоматкунандаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, ки санаи 19 июли соли 2023-юм ба самти деҳаи Хиҷези ҷамоати деҳоти Рушони ноҳияи Рушон рафта, бедарак гум шудааст, ворид гардид.
Бо мақсади муайян ва дарёфт намудани гумшуда шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Женг Хуанг гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рушон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо қувваҳои ёрирасон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба ҷустуҷӯи номбурда шурӯъ намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ва Комендатураи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушон соҳили дарёҳои «Бартанг» ва «Панҷ» азназар гузаронида шудаанд.
Инчунин, бо мақсади дарёфти номбурда ҳамаи шикорчиён, даҳмардагон ва сокинони деҳаҳои гирду атрофи ҷойи ҳодиса барои дарёфт намудани сайёҳи дар боло зикргардида сафарбар гардидаанд.
Оид ба ҳодисаи беному нишон гум шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Женг Хуанг парвандаи ҷустуҷӯӣ аз 24-уми июли соли 2023 оғоз гардида, зери назорат қарор дорад.
Бинобар ин, оид ба дарёфт намудани сайёҳи гумшуда шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Женг Хуанг чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>