Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду нафар дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a14-уми августи соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Расулов Аҳмадхон Раҳматджонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми бо суръати баланд ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар километри 54-уми шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Шагман-Миксер”, таҳти идораи ронанда, Холиқов Шамсиддин Асатуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Расулов А.Р. ва мусофиронаш: Маҳмадалиев Ҳоҷиакбар Маруфҷонович, соли таваллудаш 1997, Амиралиев Файзулло Шавкатҷонович, соли таваллудаш 2001, Темиров Анвар Уктамович, соли таваллудаш 1997, сокинони шаҳри Турсунзода ва ноболиғ Расулов Маҳмадалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар беморхона, Расулов А.Р. ва ноболиғ Расулов М.Ш. ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика