Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

324-уми августи соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шокиров Акмалҷон Зокирович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, аз самти ҶДММ бозори «Корвон»-и пойтахт ба самти маҳаллаи Чимтеппа, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди ноболиғ, Маҳмадуллоев Умар, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадуллоев У. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-уми августи соли 2023, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мардонзода Меҳриддин Умар, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳраки ноҳия ба самти деҳаи Даҳана, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни пули роҳи оҳангузар бархурдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи мазкур Мардонзода М.У. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-уми августи соли 2023, тахминан соати 09:00, ронандаи мототсикли истеҳсоли хориҷӣ, бе рақами қайди давлатӣ, Зарифов Саттор Ҳамзаалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идора намудани мототсиклаш набаромада, бо мототсикли дигар, бе рақами қайди давлатӣ таҳти идораи Эмомов Сафаралӣ Давлатмуродович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, бархурдааст.
Дар натиҷа, ронанда Зарифов С.Ҳ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мототсикли дигар Эмомов С.Д бо ҳамроҳии мусофири дар қафояш нишаста, Дилафрӯзи Алишер, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
4-уми августи соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Филдер», Юлдошев Пайрав Пулотович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Айнӣ, дар шоҳрохи Душанбе-Чаннок, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дохили ҷӯйбори канори роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур шаҳрвандон; Аллаев Ҳасан Бобоевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Айнӣ ва Азизова Зубайда Махмадқуловна, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
4-уми августи соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Абдулов Юсуф Хуҷаназарович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди ҷамаоти деҳоти Истиқлол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, автомашинаи мазкурро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Абдулов Ю.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика