Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кушода шудани ҷинояти одамкушӣ

025.jpg

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 48 ва 59-солаи сокинони шаҳри Конибодом, 30-юми июни соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар назди ҷӯйбори обтақсимкунӣ қарор дошта, бинобар сабаби тақсимоти оби полезӣ бо марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз каланд ва дос ба қисмҳои гуногуни баданаш зада, ӯро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Минбаъд гумонбаршавандагон бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардаашон ва бо ин роҳ раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷасади марҳумро дар мавзеи қумзори шаҳри Конибодом гӯронидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика