Вобаста ба навори садамаи нақлиётие, ки 21-уми июли соли 2023 дар ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон рух дода, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ боиси ба миён омадани ҳар гуна овозаҳо, ки гӯё онҳоро кормандони БДА таъкиб намуда, автомашина ба садама дучор гардида бошад, иттилоъ медиҳем, ки ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.
Дар натиҷаи ин садама худи ронанда ва 5 нафар мусофиронаш ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Менгиқулов Ҷӯрабек Очилдиевич, соли таваллудаш 1979, Менгиқулов Ҳусейн Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар рафти таҳқиқ мусофирони мазкур мавриди пурсиш қарор гирифта, онҳо ҳолати таъкиб намудани автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд.
Доир ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>