Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ноҳияи Фархор аввалҳои моҳи январи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки падару модари ӯро ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Номбурда, боз такроран бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2023 ба боварии марди 67-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Дар натиҷа, ба номбургон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>