Оид ба ҳолатҳои истифода бурдани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби мутахассисони пуртаҷриба Гурӯҳи корӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят ба Кодекси мазкур ворид карда мешавад.
Яъне тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан ва таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт ҷиноят ҳисобида шуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>