Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

95

30-юми июни соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер 200”, Cайфидинов Шайдо Шораҳматович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар километри 237-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ-Кулоб-Дарвоз”, дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Мерива”, таҳти идораи ронанда, Фармонбеков Искандар Мавлонбекович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ванҷ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Мерива”, Фармонбеков И.М ва мусофиронаш: Музофиров Далер Зиёратшоевич, соли таваллудаш 1986, Худойдодова Сухангул Маҳмадовна, соли таваллудаш 1970, сокинони ноҳияи Ванҷ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер-200”, Одинааҳмадов Шанбе, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Душанбе ва Элчибекова Давлатноз, соли таваллудаш 1959, сокинони ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
29-уми июни соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри”, Баёдов Муҳаммадҷон Саидович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 129-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Бозор Сафарович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” оташ гирифта, ронанда Раҷабов Б.С. ва мусофираш Ваҳобов Сайидакрам, соли таваллудаш 1941, сокини ноҳияи Фархор сӯхта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофири дигари автомашинаи мазкур, Ваҳобов Ғиёсиддин Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
30-юми июни соли 2023, тахминан соати 07:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс», Назаров Абдувалӣ Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Ахмедова Маҳтарой, соли таваллудаш 1943, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Ахмедова М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика