Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

24-уми июни соли 2023, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Спринтер-Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Алиев Саймуҳиддин Аслиддинович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рашт дар ҳудуди деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ ба чуқурии 7 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Алиев С.А., дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина Алиев Шамшод, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
24-уми инюи соли 2023, тахминан соатҳои 03:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Юлдошев Муҳаммадумар Баҳромович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Қизилнишони ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҷураев Олимҷон Абдуллоҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкурро зада пахш намудааст, ки дар натиҷа Ҷураев О. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика