Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду нафар дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

56

14-уми июни соли 2023, тахминан соатҳои 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Бегматзода Далер Куван, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар харакат намуда, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ ба канори рости роҳ баромада, ба садама дучор мегардад, ки дар натиҷа худи ронанда Бегматзода Д. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми июни соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Акорд», Азизов Абдуллобек Бахтиёрович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Сомонии пойтахт аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Сино ҳаракат намуданаш дар рӯбарӯи бинои «Кохи Наврӯз» пиёдагарди ноболиғ, Муҳидинова Зуҳро, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ба саломати ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас ва бистарӣ мегардад, ки баъди тахминан як соат пас ба ҳалокат мерасад.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика