Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду марди солхӯрда дар ноҳияи Мастчоҳ

01

11-уми июни соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Сафаров Комил Ҳасанович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Фотеҳобод», дар ҳудуди шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба скутер таҳти идораи Шарипов Шоҳусейн Собирович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Шарипов Ш. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
11-уми июни соли 2023, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи, автомашинаи тамғаи «ДЭУ Дамас», Мискинов Мақсуд Хасанович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдони ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Боқиев Абдуқодир Сониевич, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Боқиев А. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика