Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофирзан дар натиҷаи бархурди ду автомашина

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

7-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Нарзуллоев Шукрулло Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаннок”, дар ҳудуди мавзеи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «ДАФ», таҳти идораи ронанда, Каримов Ҷамшед Сабзаалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кулоб, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Мерседес Бенс», Эргашева Санавбар Туравоҳидовна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур, Давлатов Зубайдулло Умарбекович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика