7-уми июни соли 2023, тахминан соатҳои 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Сатторов Маҳмадшоҳ Давлатович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Авғонободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол Абдусаломзода Зубайдуло Неъматулло, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Абдусаломзода З.Н., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>