Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2022, марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро ба тариқи шартномавӣ ба иҷора гирифта, сипас бар ивази 8 ҳазор доллари амрикоӣ автомашинаи мазкурро ба марди 52-солаи сокини ҳамин шаҳр ба гарав гузошта, то ҳол онро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми майи соли 2020, марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 130 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 3 моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Кия Спорадж»-ро ба маблағи 122 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, аз ин маблағ 28 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 94 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Камри»-ро ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда аз ин маблағ 20 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 115 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>