Вазифаҳои милитсия – ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар мебошад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша ба кормандон ва собиқадорони милитсия таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи иҷтимоӣ ва истироҳату табобати онҳо ҳамаи шароитҳоро муҳайё намудаанд.
Бо ҳамин мақсад, рӯзҳои 3-4-уми июни соли 2023 дар Осоишгоҳи “Садбарг”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат воқеъ аст, бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон», фарзандони кормандону собиқадорон ва нафақахӯрони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фароғату истироҳат фаро гирифта шуданд.
Роҳбарият, собиқадорон ва нафақахӯрони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ миннатдории хешро ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои гузаронидани чунин рӯзҳои истироҳатӣ, ки хеле бошукӯҳу хотирмон доир гардид, изҳор менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур хеле хотирмон баргузор гардида, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ низ ба хотири болидарӯҳии истироҳаткунандагон барномаи консертӣ тақдим гардид.
Рустам Шарифзода, Раиси Шӯрои собиқадорон ва нафақахӯрони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковники мустафъӣ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>