Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

009

5-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Наврӯзов Тоҳир Нуриддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зар, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Атеко”, ки дар канори рости роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Саидова Тахмина Сайфиддиновна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур, Сафарова Холнисо Сафаровна, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
6-уми июни соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-200”, Одинаев Искандаршоҳ Нуралиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кулоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Давлатзода Юсуф Ҳусейн, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри мазкурро, ки бо модараш Фарзонаи Муродалӣ дар канори шоҳроҳ истода буданд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Давлатзода Ю.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми июни соли 2023, тахминан соати 23:40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21070», Соҳибов Низом Савриевич, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Соҳибов Н.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, хурдсол Абдуҷалили Бахтовар, соли таваллудаш 2021, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика