Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нақлиётӣ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардидаанд

029

1-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Сарибоев Умар Худойбердиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо скутери таҳти идораи ноболиғ, Буриев Исломиддин Султонмуродович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи скутер, Буриев И.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
2-юми июни соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Набиев Холбозор Шокирович, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори оҳанини муҳофизатии канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, Азимова Латифа Исмоновна, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
2-юми июни соли 2023, тахминан соати 10:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафаров Муқимҷон Идишоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кулоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Кулоб, дар ҳудуди маҳаллаи С.Вализода аз уҳдаи рондани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоева Марям Холовна, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Абдуллоева М.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика