Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Россия ва дар бораи рейди мақомоти Россия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав ва дар дигар шаҳрҳо ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Федератсияи Россия донишҷӯёни мазкурро субҳ ҳангоми хоб буданашон рейд намуда, ба онҳо бераҳмона бархурд намуда онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>