Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР ҶАВОНӢ САЪЙ КУН ГАР БЕХАЛАЛ ХОҲӢ АМАЛ!

162

«Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», таҳти чунин унвон дар Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД бо иштироки ҷавонони фаъол ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарияти раёсат ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони касбу кори гуногун суханронӣ намуданд.
Чорабиниро сардори РМЗҶМ ВКД генерал-майори милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед оғоз намуда, доир ба нақши ҷавонон дар пешрафти кишвар ва саҳмгузории онҳо дар рушду нумӯъ ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша кард.
Мавсуф илова намуд, ки: «Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, мушоҳида мекунем, ки дар тӯли таърих мардуми мо чӣ қадар азобу машаққат кашидаанд. Баъди ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон дар миёни 200 давлати дунё шинохта шуд.163
Ҷавонони мо бо дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат дубора бедордилу соҳибмаърифат гардида, дар пешбурди соҳаҳои гуногун саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули ҷавонон диққати махсус зоҳир гардида, имконият фароҳам оварда шудааст, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд».
164Номбурда, ҳамчунин гуфт, ки ҷавонон бояд аз имконоту дастгирии Сарвари давлат хуб истифода намояд, то ин ки дар оянда барои Ватан хизмати босазо карда тавонанд. Айни замон тибқи маълумоти оморӣ, шумораи ҷавонони то 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ ҳудуди 50 фоизро ташкил дода, 23 фоизи онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Сардори раёсат бо ёдоварӣ аз нақши ҷавононе, ки барои таъмини амнияти кишвар ҷони хешро дар хатар гузоштаанд, иброз намуд, ки онҳо бо як ҷасорату далерӣ баҳри суботи кишвар ҷоннисориҳо намудаанд, ки корнамоиҳояшон барои насли имрӯз намунаи ибрат мебошад.165
Дар фароварди суханрониаш Шодӣ Ҳафиззода ҷавонони кишварро бахшида ба рӯзи идашон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, сулҳу субот, некӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.
166Меҳмони вохӯрӣ, мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо доир ба ҳисси миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ибрози андеша намуд. Мавсуф, инчунин дар бораи тараққиёту пешрафти кишвар ва саҳми арзандаи Пешвои миллат дар пойдории давлати миллӣ андешаронӣ кард.167
Дар идома илова намуд, ки: «Барои оне ки мо ватанамонро дӯст дорем, пеш аз ҳама бояд онро ҳимоя кунем, дуруст шиносем. Агар мо ин Ватан, обу хок, кӯҳу даштҳо ва чашмаву зебоиҳояшро надида бошем, мо чӣ гуна метавонем, ки онро дӯст дорем. Дӯстдории Ватан дар натиҷаи огоҳӣ аз таърих, фарҳанг ва гузаштаи имрӯз ва зебоии табиат ба як ҳисси ивазнашаванда табдил мешавад. Чунки бе донишу огоҳӣ ватандӯстӣ намешавад. Агар корнамоиҳои фарзандони фарзонаи ин миллатро надонем, мо чиро дӯст дошта метавонем? Сабаби дигари дониш ва аҳамияти таърих ин аст, ки агар мо бо дониш мусаллаҳ бошем, бо ҳамин таъриху фарҳанге, ки дорем, ҳеҷ гурӯҳи ифротӣ моро наметавонад ба сӯйи худ ҷалб созад ва аз роҳи ростамон берун кунад».
168Сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Амирҷон Иброҳимзода ба роҳбарияти Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД барои баргузории чорабинии муҳим бахшида ба Рӯзи ҷавонон изҳори миннатдорӣ гуфта, сипас аз номи роҳбарияти кумитаи мазкур ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба ин санаи таърихӣ муборакбод намуд.169
Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ корманди ҷавони РМЗҶМ капитани милитсия Муродалии Зоҳирзода иброз дошт, ки: «Ман ҳамчун як ҷавони даврони истиқлол кӯшиш мекунам, ки дар амнияту сулҳу суботи кишвар саҳми арзишманди худро гузорам. Зеро аз он ифтихор мекунам, ки дар даврони сулҳу суботу оромӣ ба дунё омада, ба воя расидаем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи дастовард ва неъматҳое, ки барои мо муҳайёст, онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, боз ҳам барои пешрафту ободии кишвар саҳми арзандаи хешро гузорем».
Дар хотимаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти ВКД, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва РМЗҶМ ба як қатор ҷавонон барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ  Ифтихорнома, Сипоснома, Раҳматнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика