Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн гардидааст, ки гӯё сарбози қисми ҳарбии №019-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидов Аслиддин, соли таваллудаш 2004, аз ҷониби сарбозони дигар мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.
Маҷидов Аслиддин бо хоҳиши худ моҳи марти соли 2023 ба хизмат омада, 17-уми майи соли ҷорӣ бо ташхиси заъфи мушакҳо, ки дар натиҷаи системаи масъуният ба системаи асабҳои париферӣ осеб расидааст, дар шуъбаи асаб бистарӣ карда шуд.
Ташхис нишон додааст, ки дар бадани бемор ягон аломати лату кӯб мушоҳида намешавад.
Ҳолати Маҷидов А. хуб буда, таҳти муроқибати табибон қарор дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>