Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони сӯиқасди одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 14:30- дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, ду маротиба ба бадани ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ҳамон ҷо зада, боз бо ин қаноат накарда, бо корд ба узвҳои муҳими бадани духтари ноболиғи 12-солааш якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш ва духтари ноболиғаш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳëгарии беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>