Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми роҳзанӣ

14

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо тахаллуси "Фат", ки пеш бо моддаҳои 244, 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2002-2013 дар Федератсияи Россия бо моддаҳои 162, 228, Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (роҳзанӣ, ва маводи мухаддир) суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми ноябри соли 1999, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо дигар аъзоёни ҷинояткоронаи ғайриқонунии марди 46-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, бо мақсади роҳзанӣ ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ аз онҷо 1-адад «видеомагнитофон», 1-адад куртаи чармин, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 1-адад дарзмоли тамғаи «Финикс»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 миллиону 710 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо модаи 249 кисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика