Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раддия ба хабари "Радиои озодӣ"

Дар сомонаи «Радиои Озодӣ» рӯзи 16 майи соли 2023 хабар таҳти унвони "Шаҳло Давлатова: 30$ ҳазор хосту дастарозӣ кард. Муфаттиш: Асос надорад" чоп шудааст, ки гӯё сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Шодизода Дилмурод аз шаҳрванд Шаҳло Давлатова 30 ҳазор доллари амрикоӣ хоста, ба номусаш дастарозӣ карда бошад.

Бояд тазаккур дод, ки ин иддао комилан дурӯғ буда, Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан бе ягон далел ба подполковники милитсия Шодизода Д. тӯҳмат намудааст.
Давлатова Шаҳло Шералиевна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, бинои 30 в, ҳуҷраи 5, қаблан 5-уми декабри соли 2016 бо моддаи 237 қисми 2 банди 'в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, дар асоси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудааст. Номбурда аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, ҷиноятҳо ба муқобили фаъолияти иқтисодӣ, яъне ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, инчунин адолати судӣ даст зада, ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнокро содир намудааст.
Давлатова Ш. дар давоми солҳои 2017-2022 ба соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул гардидааст. Ӯ дар ин давра бархилофи талаботи банди 1 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 'Дар бораи фаъолияти бонкӣ", ки ягон шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкӣ беиҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, машғул шуда наметавонад, амал намуда, фаъолияти додани маблағ (қарзҳо) ва гирифтани фоиз ҳамчун фоидаро ба роҳ монда, бархилофи талаботи моддаҳои 19 ва 25 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2018) ва моддаҳои 34 ва 78 Кодекси андози амалкунанда бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардида, аз ҳисоби шаҳрвандон ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ даромад ба даст оварда ба манфиати давлат ва шаҳрвандвандон зарари махсусан калон расонидааст.
Номбурда аз соли 2017 то соли 2022 ба зиёда аз 8 нафар шаҳрвандон бо фоизҳои муайян қарз дода, бо татбиқи фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон ба маблағи умумии 349015,8 сомонӣ даромад ба даст овардааст.
Бо назардошти он, ки дар кирдорҳои Давлатова Ш. аломатҳои таркиби ҷинояти дар қисми махсуси КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дида мешуд, нисбати номбурда бо моддаҳои 259 қисми 2 банди 'б", 147 қисми 1, 286 қисми 2 ва 345 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Давлатова Ш. ҳангоме, ки қарздоронаш зимни пардохти қарз ё фоизҳояш каме таъхир мекардаанд, номбурда ба манзили онҳо ғайриқонунӣ зада даромада, онҳоро таҳқиру тавҳин мекардааст. (Сабтҳояшро дар даст дорем, вале бо сабабҳои ахлоқӣ онҳоро пахш намекунем).
Ҳамчунин ӯ ба фаъолияти муфаттиш дахолат намуда, барои ҳамаҷониба, пурра, ва объективонаи тафтиши пешакӣ монеагӣ эҷод намудааст.
Давлатова Ш. барои кирдорҳои зиддиқонунияш бо ҳукми суд ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардида, бо назардошти кудаки хурдсол доштанаш иҷрои ҳукми суд айни замон ба таъхир афтод.
Номбурда ба ҷойи он, ки худро ислоҳ намуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шавад, номи пуршарафи модарро доғдор намуда, бо суханони қабеҳ ва алфози пур аз дашному ҳақорат ба таҳқиру таҳдиди шаҳрвандон машғул аст.
Сомонаи "Радиои Озодӣ"-ро мебояд минбаъд зимни пахш намудани чунин хабарҳои иғвоангез аввал бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ҷабрдидагон, шоҳидон ва Ҳукми суд шинос шуда, сипас воқеъбинона хабар пахш намояд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика